БОЗОРҲОИ ҶУМҲУРӢ БО КАРТОШКА ТАЪМИН МЕГАРДАНД

Сентябрь 16, 2008 11:03

Душанбе, 16 сентябр, (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти фаврии Раёсати кишоварзии ҷумҳурӣ то 15 сентябр дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ аз масоҳати 2 464 гектар картошка кофта гирифта шудааст. Боиси ёдоварист, ки соли ҷорӣ дар масоҳати 9 ҳазору 623 гектар навъҳои беҳтарини картошка шинонида шудааст. То имрӯз дар ҷумҳурӣ 52 ҳазору 878 тонна картошка истеҳсол ва ба бозорҳои ҷумҳурӣ ворид шудааст, ки ин баробари 25 фоизи иҷрои нақшаи солона мебошад. Тибқи нақшаи пешбинишуда, соли ҷорӣ истеҳсоли картошка ба 212 ҳазору 931 тонна расонида мешавад. Истеҳсоли ин миқдор картошка имконият медиҳад, ки аҳолии ҷумҳурӣ дар фасли тирамоҳу зимистони соли 2008-2009 пурра бо картошка таъмин карда шавад.

Сентябрь 16, 2008 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст