ЧОРЯК ҚИСМИ ҲОСИЛ

Сентябрь 26, 2008 09:29

Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Бино ба маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ чоряки нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро намуданд. Тибқи нақша соли ҷорӣ ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 48 ҳазору 500 тонна пахта ҷамъоварӣ карданианд. То 22 сентябр ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бештар аз 12 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки ин 24,8 фоизи нақшаи солона ҷамъоварии пахтаро ташкил медиҳад. Ноҳияи Турсунзода аз 48 ҳазору 500 тоннаи нақшавӣ — 3436, Ҳисор аз 11500 тонна — 4500, Рӯдакӣ аз 17 ҳазору 100 тонна – 610, Шаҳринав аз 5 ҳазору 950 — 1378 ва ноҳияи Ваҳдат аз 6350 тонна — 2090 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд.

Сентябрь 26, 2008 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст