ДАР ДУШАНБЕ ФИЛИАЛИ МАКТАБҲОИ ОЛИИ РУСИЯ КУШОДА МЕШАВАНД

Сентябрь 1, 2008 16:09

            Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Охири ҳафтаи гузашта дар Душанбе намояндагони вазорати маорифи Тоҷикистон ва вазорати маорифу илми Федератсияи Русия дар масъалаи кушодани филиалҳои мактабҳои олии Русия дар Тоҷикистон гуфтушунид карданд. Дар натиҷаи гуфтушунид дар ин масъала нақшаи тадбирҳои муштарак тартиб дода шуд. Тибқи пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон, ояндаи наздик бояд дар Душанбе филиалҳои Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.Ломоносов, Донишкадаи энергетикии Маскав ва Донишкадаи таҳқиқоти пӯлод ва махлутҳои он кушода шаванд. Тибқи нақша, аз соли 2008 то соли 2010 дар масъалаҳои таъминоти молиявӣ, меъёрӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилии кушодани филиалҳои мазкур тадбирҳо андешида мешаванд.            Зикр шуд, ки дар ин бобат масъалаи таъминоти молиявӣ масъалаи асосӣ мебошад. Дар робита паймон карда шуд, ки ҷониби Тоҷикистон то охири моҳи октябр таклифу мулоҳизаҳои худро ба ҷониби Русия пешниҳод менамояд. Ҳар ду ҷониб мувофиқа карданд, ки алҳол филиали Донишкадаи давлатии истихроҷи маъдани Санкт — Петербург дар Тоҷикистон кушода нашавад. Дар ин маврид барои Тоҷикистон дар ҳамин донишкада мутахассис тайёр карда хоҳад шуд.           Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар ин масъала муовини вазири маориф ва илми Русия Юрий Сентюрин ва вазири маорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов протокол имзо карданд. Тарҷумон — Қудратов А.  

Сентябрь 1, 2008 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид