ДАР ДУШАНБЕ МАКТАБИ МЕТОДИИ ТАЪЛИМИ ЗАБОНИ РУСӢ КУШОДА ШУД
Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмедова).- Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ бо кӯмаки Донишгоҳи «Дӯстии халқҳо» — и Федератсияи Русия мактаби такмили ихтисоси омӯзгорони забону адабиёти рус дар Тоҷикистон кушода шуд. Дар мактаби мазкур ба омӯзгорони забону адабиёти рус дар Тоҷикистон олимон ва омӯзгорони Донишгоҳи «Дӯстии халқҳо» машғулият мегузаронанд. Ба ҳайати омӯзгорони Русия зимни кушодашави мактаби методӣ декани факултаи такмили ихтисоси омӯзгорони забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ Татяна Валихина, директори маркази усулҳои нави таълимию омӯзгории донишгоҳ Алла Денисова, мудири кафедраи забони русӣ Виктория Куриленко, профессори донишгоҳ Алексей Овчаренко, дотсенти кафедраи забони русӣ Алла Архангелская ва дигарон шомиланд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






