ГУЗОРИШИ МУФАССАЛ АЗ НАТИҶАИ САФАРИ Э.РАҲМОН БА ИМА

Сентябрь 28, 2008 20:09

     Аз 23 то 27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар Иҷлосияи 63-юми Маҷмаи кулли СММ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор дошт.                 Ҷараён ва натиҷаҳои ин сафар бори дигар собит намуд, ки Тоҷикистон таҳти раҳбарию раҳнамоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон имрўз дар арсаи ҷаҳонӣ қадамҳои устувор гузошта, обурўю нуфузи байналмилалии худро таҳкиму тақвият мебахшад.                 Дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон бори нахуст аз се ҳамоиши бузурге, ки дар Созмони Милали Муттаҳид баргузор гаштанд, ду тоаш таҳти раёсати Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт.                Аз ду ҳамоиши таҳти раёсати Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараёнгирифта яке чорабинии сатҳи олии «Об ва санитария барои ҳама» ва дуюмаш ҳамин гуна ҳамоиш оид ба баррасии татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола буд.               Рўзи 25 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии сиёсии Иҷлосияи  63– юми Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ намуда, устуворгардонии минбаъдаи  низоми фаъолияти СММ – ро баҳри  таъмини сулҳу  амнияти байналмиллалӣ ва ҳалли проблемаҳои умумибашарӣ аз ҳадафҳои асосии ин ҳамоиш маънидод кард.                    Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз силсилаи бўҳронҳои ба ҳам вобастаи энергетикӣ, озуқаворӣ, иқлимӣ ва молиявӣ, ки садди роҳи рушди бонизом гаштаанд, изҳори нигаронӣ карда, таъкид дошт:- «оқибатҳои чунин зуҳуроти номатлуб ба  эҳсосоти иҷтимоии миллионҳо нафар одамон дар мамлакатҳои рў ба инкишоф ва  давлатҳои дар давраи гузариш қарордошта, аз ҷумла дар мамлакати  мо таъсири шадиди манфӣ  доранд».                Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо эътимод ба Созмони Милали Муттаҳид изҳор дошт: — «Ин ҳолат орзўю омоли одамонро ба  бунёди ҷомеаи бештар одилона ва  орому осуда ҳанўз аз байн набурдааст ва онҳо умед доранд, ки Созмони Миллали Муттаҳид чун як ташкилоти қавии байналмилалӣ  метавонад нерўю имкониятҳои худро ба ҳалли масъалаҳои  муҳимтарини имрўза  сафарбар намояд».                  Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла ба истеҳсоли сўзишвории биологӣ сарф намудани маводи ѓизоиро «кори зиддиинсонӣ» арзёбӣ намуд.                  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷўҳи иштирокчиёни иҷлосияро ба ҳаллу фасли масоили глобалии обию энергетикӣ ҷалб намуда, аз ҷумла пешниҳод намуд, ки баҳри баррасии он дар сатҳи баланд Иҷлосияи махсуси Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид даъват карда шавад.               Сарвари давлати мо Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки дар сурати дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишварҳо ва созмонҳои мададрасон баҳри татбиқи амалии лоиҳаҳои инвеститсионии обӣ ва обию энергетикии Тоҷикистон кишвари мо метавонад минтақаҳои зиёди Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубиро бо оби нўшокӣ ва нерўи барқи арзони аз нигоҳи экологӣ  безарар таъмин намояд.                Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки натиҷаҳои панҷсола ва татбиқи минбаъдаи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти  «Об барои ҳаёт», ки  бо ташаббуси Тоҷикистон эълон гашта буд, соли 2010 дар  шаҳри Душанбе зимни як форуми байналмилалӣ баррасӣ мегардад ва роҳбарони давлатҳо ва созмонҳои дахлдорро даъват намуд, ки баҳри иштирок дар он намояндагони воломақоми худро  бифиристанд.                Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз бўҳрони амиқу саросарии Афѓонистон ва афзудани хатари беандозаи терроризму экстремизм ва истеҳсолу гардиши ѓайриқонунии маводи мухаддир изҳори нигаронӣ карда, таъкид бар он дошт, ки  ин кишвар на танҳо ба  зиёд кардани  ҳузури низомии мамлакатҳои хориҷӣ дар қаламрави он, балки бештар ба  кўмаки  мушаххаси иқтисодӣ, техникӣ ва  гуманитарӣ  ниёзманд аст.                Дар охир Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор аз таҷлили   1150 – солагии асосгузори  адабиёти  тоҷику форс Абўабдуллоҳи Рўдакӣ дар саросари ҷаҳон ёдовар шуда, аз ҷумла изҳор дошт: «Ба ақидаи ман, арзишҳои  умумибашарие, ки  Рўдакӣ онҳоро тарѓибу ташвиқ намудааст, имрўз бо  ҳадафу вазифаҳои СММ дар саросари ҷаҳон ҳамоҳанганд ва  устуворсозии дўстии халқҳо, вусъати гуфтугўи  байни фарҳангҳо, ѓояҳои башардўстона ва  тавозуни зиндагиро тараннум менамоянд».                 Қобили таъкид аст, ки имрўз бо забони Сарвари фарҳангпарвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон лафзи нобу ширин ва шоиронаи тоҷикӣ бори дигар аз минбари олии Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид садо дод.              Чорабинии сатҳи олии «Об ва санитария барои ҳама», ки аз ҷумлаи ҳамоишҳои Иҷлосияи  63– юми Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид буд,  таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт ва ин албатта гувоҳӣ аз нақши намоёни Тоҷикистон дар ҳаллу фасли мушкилоти ҷаҳонии обӣ  ва қабул гаштану  татбиқшавии пешниҳодоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин соҳа аст.               Дар қисмати ифтитоҳии он дар баробари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ҳамчунин Сарвазири Шоҳигарии Нидерланд Питер Балкененд, Ноиби канслери Ҷумҳурии Федеролии Олмон Франк Валтер Штайнмайер, фиристодаи махсуси Ҳукумати Япония Ёрико Кавагучи,  Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ва Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Муттаҳидаи Танзания Девид Мвакиуса чун намояндаи Иттиҳоди Африко иштирок ва суханронӣ намуда, аз ҷумла ба нақши Тоҷикистон дар ҳаллу фасли мушкилоти глобалии обӣ баҳои баланд доданд.             Чунонки огоҳӣ доред, солҳои 2005-2015 бо пешниҳоди Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  Даҳсолаи байналмилалии тадбирҳои «Об барои ҳаёт» дар тамоми ҷаҳон эълон гаштааст.             Дар суханронии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун  таъкид гардид, ки бо татбиқи Даҳсолаи байналмилалии тадбирҳои «Об барои ҳаёт» ҳар сол шумораи одамоне, ки ба оби тозаи нўшокӣ дасрасӣ доранд, бояд 175 миллион нафарӣ зиёд шавад. Ба андешаи ў яке аз роҳҳои асосии зиёд намудани дастрасии одамон ба оби тозаи нўшокӣ кам кардани сарфи об дар обёрии заминҳои корам аст.            Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ,  аз ҷумла изҳори боварӣ намуд, ки ин ҳамоиши сатҳи олӣ дар ҳалли яке аз вазифаҳои асосии Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола-ду маротиба кам кардани шумораи одамоне, ки ба оби тозаи нўшокӣ ва шароитҳои санитарӣ дастрасӣ надоранд, нақши намоён мегузорад.             Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз фоҷеаи баҳри Арал, ки ба гуфти ў «натиҷаи сиёсати обии кўтоҳандешонаи инсон ва сарфи назар кардани омилҳои экологӣ аст», ёдовар шуда, изҳор дошт: «ин қазияи маркази қитъаи Авруосиё аз сатҳи  минтақавӣ дур рафта, ба мушкили ҷаҳонӣ табдил ёфтааст» ва таъкид дошт, ки баҳри ҳалли ин масъала тадбирҳои мусоиди байналмилалӣ бояд андешида шаванд.             Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешиниҳод намуд, ки баҳри баррасии шоистаи масоили об Иҷлосияи махсуси Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид даъват карда шавад ва соли 2010 дар  шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба натиҷагирӣ аз нимаи якуми Даҳсолаи байналмилалии амалиёти  «Об барои ҳаёт» гузаронда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки нимаи дуюми Даҳсолаи байналмилалии амалиёти  «Об барои ҳаёт» ба масоили таъмини оби тозаи нўшокӣ ва шароитҳои санитарӣ ба миллионҳо эҳтиёҷмандони он бахшида шавад.            Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  пешниҳоди худро дар бораи сохтмони қубури обрасонии минтақавӣ аз кўли Сарез бори дигар ба миён гузошта, таъкид намуд, ки татбиқи ин лоиҳа ҳам ба таъмини миллионҳо одамон бо оби тозаи нўшокӣ ва ҳам ба кам кардани хатари кандашавии сарбанди табиии кўли мазкур мусоидат мекунад.              Баъди анҷоми Чорабинии сатҳи олии «Об ва санитария барои ҳама», ки бо ибтикори Ҳукуматҳои Япония, Нидерланд, Германия ва Тоҷикистон дар чаҳорчўби Даҳсолаи байналмилалии тадбирҳои «Об барои ҳаёт» доир гашт,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раисикунандаи он барои доираи васеъи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, аз ҷумла  изҳори боварӣ намуд, ки пешниҳодҳои дар ин чорабинӣ ба миён гузошташудаи вобаста ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи об ва санитария дар ояндаи наздик амалӣ хоҳанд шуд.           Нимаи дуюми рўзи 25 сентябр дар бинои СММ таҳти ҳамраисии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Финлядия Таря Каарина Халонен чорабинии сатҳи олии «Баррасии дастовардҳои Ҳадафҳои рушд, ки дар Эъломияи ҳазорсола омадаанд», баргузор гардид.             Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҳамоиш ҳамчунин суханронӣ намуда, аз умедҳои зиёди ҳамагон, ки ба Эъломияи ҳазорсола баҳри «таъмини некўаҳволии саросарӣ, адолат ва рушди дарозмуддат» баста буданд, ёдовар шуд ва бо таассуф изҳор дошт: — «Сарфи назар аз дастовардҳои намоён дар татбиқи ҳадафу вазифаҳои алоҳида, дар маҷмўъ то андозае қафомонӣ ва дуршавӣ низ аз самтҳои муайяннамудаамон ба назар мерасад».Бо назардошти мушкилоти иловагие, ки «таѓйирёбии глобалии иқлим, болоравии босуръати нархи маводи сўхту озуқаворӣ ва офатҳои табиию техногенӣ ба миён овардаанд, Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди Раиси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳидро оид ба гузарондани мулоқотҳои ҳарсола баҳри баҳогузории пешрафт ва дастовардҳои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дастгирӣ намуда, изҳор дошт, ки  Тоҷикистон омода аст, саҳми намоёни худро баҳри татбиқи ин ташаббус гузорад.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ба тақсимоти одилонаи хароҷот байни кишварҳо, аъзои ҷомеа ва наслҳо таваҷҷўҳи зиёд зоҳир карда шавад. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ҳамкории бахши давлатӣ бо доираҳои соҳибкорӣ ва аҳли ҷомеа, тарзи равонасозии захираҳои молиявию техникӣ ба бартарафсозии омилҳои монеашавандаи рушди бемайлон, ҳифзи муҳити зист ва омодасозии аҳолӣ баҳри пешгирии офатҳои табиию техногенӣ ва истодагарӣ дар муқобили онҳо аз вазифаҳои ҳаётан муҳим мебошанд.Дар ҳошияи Иҷлосияи  63– юми Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун, роҳбарони як зумра давлатҳои ҷаҳон ва дигар ходимони сиёсию ҷамъиятии сатҳи баланди давлатию байналмилалӣ мулоқотҳои судманд анҷом дод. Дар вохўрӣ бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаю барномаҳои гуногуни он баррасӣ шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи ҳамкориҳо бо Созмони Милали Муттаҳид баҳои баланд дода, ба он баҳри дастгирии Тоҷикистон дар бартараф кардани оқибатҳои зимистони вазнини гузашта арзи сипос намуд.Гуфтугўйи судманд оид ба дастгирии лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа аз ҷумла баҳри сохтмони нерўгоҳҳои хурду миёнаи обӣ сурат гирифт. Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббуси Тоҷикистон оид ба Конфронси байналмилалӣ баҳри натиҷагирӣ аз татбиқи нимаи якуми Даҳсолаи байналмилалии тадбирҳои «Об барои ҳаёт», ки бояд соли  2010 дар шаҳри Душанбе гузаронда шавад, ёдовар шуда, Пан Ги Мунро даъват намуд, ки дар он иштирок намояд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳор дошт, ки Тоҷикистон омода аст, Маркази муштараки ЭСКАТО ва ЕЭК-и Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили иқтисодӣ дар Осиёи Марказиро дар ҳудуди худ ҷойгир кунад.Дар мулоқот ҳамчунин оид ба авзои кунунии Афѓонистон ва афзоиши хатари терроризму экстремизм ва гардиши ѓайриқонунии маводи мухаддир гуфтугў сурат гирифт.Дар мулоқот бо Президенти Финлядия Таря Каарина Халонен масоили густариш додани ҳамкориҳои ду кишвар баррасӣ шуд.Байни Эмомалӣ Раҳмон ва хонум Таря Каарина Халонен ҳамчунин атрофи мавзўъҳои чорабинии сатҳи олӣ оид ба баррасии татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, ки ҳарду дар он ҳамраисӣ доштанд, гуфтугўйи судманд сурат гирифт.Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон аввалин шуда, баҳри татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дар кишвари худ барномаю стратегияи дахлдор қабул намуда, рафти иҷрои онҳоро аллакай дар сатҳи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор додааст.Изҳори боварӣ карда шуд, ки  Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ба таѓйироту таҳаввулоти ҷаҳони имрўза мутобиқ гардонда мешаванд.Аз мунтазамии робитаҳои сиёсии ду кишвар ва саҳми Финландия дар таҳияи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.Ба роҳ мондани робиатҳои бевоситаи байни соҳибкорони ду кишвар, вусъат додани тиҷорат, бунёди корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон ва иштироки Финландия дар татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии соҳаҳои гидроэнергетика ва саноати кўҳӣ аз самтҳои имконпазири рушди ҳамкориҳои минбаъдаи ду кишвар арзёбӣ гардид. Дар вохўрӣ бо Президенти Латвия Валдис Затлер масоили барқарорсозии робитаҳои анъанавии иқтисодию тиҷоратӣ, илмию фарҳангӣ ва густариши ҳамкориҳои барои ҳарду кишвар судманд баррасӣ шуд.Зимни сўҳбат зарурати ба роҳ мондани робитаҳои сиёсии сатҳи олӣ ва муҳайё намудани заминаи қарордодию ҳуқуқӣ баҳри густариш додани ҳамкориҳои гуногунсоҳа таъкид гардид.Соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, гидроэнергетика, саноати хўрокворӣ ва кимиёвӣ, коммуникатсия ва туризм аз самтҳои манфиатбахши ҳамкорӣ маънидод гаштанд.Зимни гуфтугўйи пурмўҳтаво мусоҳибон омодагӣ ва ҳавасмандии худро баҳри таҳкиму густариш додани робитаҳои барои ҳарду ҷониб судбахш таъкид намуданд.Дар мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Хан Суюнг-су оид ба роҳҳои густариш додани ҳамкории барои ҳарду кишвар судманд гуфтугўйи пурмўҳтаво сурат гирифт.«Тоҷикистон Кореяро шарики боэътимоди худ дар минтақа медонад», изҳор дошт дар оѓози сўҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ба Ҳукумати он барои дастгириҳои пайвастаи кишвари мо арзи сипос намуд.Сарвазири Ҷумҳурии Корея Хан Суюнг-су изҳор дошт: «Тоҷикистон натанҳо кишвари зебо аст, балки дорои захираҳои фаровони табиӣ буда, дар чорсуи Шоҳроҳи таърихии Абрешим қарор дорад». Эмомалӣ Раҳмон ва Хан Суюнг-су изҳори боварӣ намуданд, ки технологияҳои пешқадами Корея ва захираҳои фаровони табиии Тоҷикистон бо нерўи зиёди кориаш заминаи мусоиди ҳамкорӣ барои ду кишвар фароҳам месозанд.                Гуфтугўйи судманд оид рушди ҳамкориҳои дар бахшҳои гуногуни саноат, гидроэнергетика, электроника, телерадиокоммуникатсия, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо сурат гирифт.            Хан Суюнг-су аз рўзгор ва фаъолияти кореягиҳои муқими Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки Корея ҳамчунин баҳри густариши ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ ва маърифатӣ бо кишвари ҳавасманд аст.               Эмомалӣ Раҳмон  Хан Суюнг-суро даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.              Дар вохўрӣ бо Муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Вилям Бернс ҳолати имрўза ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд. Ҷонибҳо аз сатҳ ва мазмуни ҳамкориҳои ду кишвар, аз ҷумла ҳамгироиҳои сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар соҳаи амният изҳори қаноатмандӣ карда, зарурати густариш додани робитаҳои иқтисодию тиҷоратиро ба миён гузоштанд.Зимни сўҳбат атрофи рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, ташкили бозори минтақавии нерўи барқ ва робитаҳо бо муассисаҳои  байналмилалии молиявӣ гуфтугў сурат гирифт.Мусоҳибон ҳамчунин атрофи авзои кунунии Афѓонистон ва дурнамои он ва дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ мубодилаи афкор намуданд.Дар мулоқот бо Шоҳзодаи Нидерланд Вилям Александр оид ба масоили ҳамкории дуҷонибаи ду кишвар ва тадбирҳои муштараки онҳо, ки баҳри ҳаллу фасли мушкилоти глобалии обӣ амалӣ мегарданд, гуфтугўйи судманд сурат гирифт.Нидерланд яке аз шарикони намоён ва боэътимоди Тоҷикистон дар Аврупо ва Тоҷикистон аз ҳамин гуна шарикони Нидерланд дар  Осиёи Маркзазӣ арзёбӣ гардид.Дар вохўрӣ бо Президенти Бонки умумиҷаҳонӣ Роберт Золлик масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуд.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳ ва мазмуни робитаҳо бо Бонки умумиҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид бар он дошт, ки имконоти истифода нашудаи ҳамкорӣ бо он алҳол хеле зиёданд.Роберт Золлик аз имкони вохўрӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушнудӣ карда, аз ҷумла таъкид дошт: — «Мо аз мушкилоту эҳтиёҷоти Тоҷикистон, аз ҷумла хисороте, ки зимистони шадиди гузашта ворид намуд, хуб огоҳӣ дорем ва Бонки умумиҷаҳонӣ омода аст, ки ҳамкории худро бо кишвари шумо тавсиа бахшад, пеш аз ҳама дар роҳи азхуднамоии захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ».Мусоҳибон оид ба ташкил додани консорсиуми байналмилалӣ барои идомаи сохтмони нерўгоҳи обии Роѓун, ҷалби сармоя ба лоиҳакашӣ ва бунёди нерўгоҳи Санобод дар вилояти Бадахшон ва татбиқи дигар лоиҳаҳои судбахши ин соҳа гуфтугўйи судманд анҷом доданд.Таваҷҷўҳи зиёд ҳамчунин ба ҳаллу фасли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор, беҳтарнамоии минбаъдаи фазои инвеститсионии Тоҷикистон ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ зоҳир гардид.Татбиқи босамари лоиҳаи КАСА-1000, ки сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли нерўи барқро дар назар дорад, дорои аҳамияти бузурги минтақавӣ маънидод гардид.Зимни гуфтугўйи пурмўҳтаво ҷонибҳо ҳавасмандии худро баҳри таҳкиму густариши бештари ҳамкориҳо таъкид намуданд.Мулоқоти пурмўҳтавои дигар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии ЮНЕСКО Коучиро Матсуура анҷом дод.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ЮНЕСКО баҳри дастгирии намоён аз чорабиниҳои фарҳангии Тоҷикистон, аз ҷумла таҷлили 1150-солагии одам-уш-шуаро Абўабдуллоҳи Рўдакӣ дар сатҳи ҷахонӣ арзи сипос кард.Мусоҳибон оид ба ҳифз, тарѓибу ташвиқ ва ба ҷаҳониён боз ҳам бештар муаррифӣ кардани осори бебаҳои таъриху фарҳанги  Тоҷикистон ва миллати тоҷик гуфтугўйи судманд анҷом доданд.Директори генералии ЮНЕСКО Коичиро Матсуура ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо боварии комил изҳор дошт, ки баҳри ба номгўйи Ёдгориҳои Ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид намудани осори фарҳангию таърихии Тоҷикистон корҳои намоён ба сомон мерасанд.Зимни сўҳбати пурмўҳтаво ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро баҳри густариши ҳамкориҳои судбахш таъкид намуданд.Дар вохўрӣ бо Президенти Созмони байналмилалии ѓайриҳукуматии «Волд Вижн» Дин Хирш масоили ба роҳ мондани ҳамкории он бо Тоҷикистон баррасӣ гардид.Таъкид гардид, ки самтҳои асосии фаъолияти он дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ буда, дар минтақаи мо айни ҳол бо кишварҳои Узбекистон ва Афѓонистону Покистони ҳамкории намоён ба роҳ мондааст.Ҳамчунин таъкид гардид, ки Созмони байналмилалии ѓайриҳукуматии «Волд Вижн» бештар таҳти сарпарастии СММ дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, аз ҷумла баҳри ҳифзи саломатии модарону кўдакон саҳгузорӣ мекунад.Дар мулоқоти бо Роҳбари ширкати «Тетис-Петролиум» Девид Робсон масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ширкати бонуфузи амрикоӣ дар соҳаи истихроҷи нафту газ баррасӣ шуд. Девид Робсон ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи рафти корҳои омўзишию ҷустуҷўйӣ дар конҳои газу нафти Комсомол ва минтақаҳои Балҷувону Кўлоб ахбор дода, бо боварӣ изҳор дошт, ки то охири соли равон аз кони Комсомол бояд истихроҷ оѓоз ёбад ва гази он ба таъминоти шаҳри Душанбе равона гардад. Ба гуфти ў баҳри вусъат додани корҳо дар ҳамаи минтақаҳои номбурда воридшавии техникаю таҷҳизоти зарурӣ идома дорад.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти зарурати ҳаётан муҳими ин навъи сўзишворӣ барои иқтисодиёт ва аҳолии Тоҷикистон роҳбари ширкати амрикоии «Тетис-Петролиум»-ро ба баланд бардоштани суръат ва сифати корҳо ҳидоят намуд.Зимни сўҳбат дурнамои фаъолияти ин ширкат дар Тоҷикистон басо умедбахш арзёбӣ гардид. Самтҳои гуногуни ҳамкории Тоҷикистону Амрико дар сатҳи соҳибкорону тоҷирони ду кишвар дар воҳўрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони доираҳои  соҳибкории ин кишвар баррасӣ шуд.                 Вохўрии мазкур аз ҷониби Шўрои соҳибкории ду кишвар ташкил ёфта буд.               Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст соҳибкорони Амрикоро бо нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, беҳтаршавии фазои сиёсӣ ва инвеститсионии кишвар, бунёди инфрасохтори мусоид барои рушди тиҷорату соҳибкорӣ ва ѓайра шинос намуда, онҳоро ба ҳамкорӣ даъват намуд.                 Аз суханҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи воломақоми Департаменти давлатии Амрико Ҷорҷ Крол бармеояд, ки ҳарду кишвар ба рушди ҳамкориҳо дар сатҳи соҳибкорон ҳавасманданд ва ба ин кор мусоидати фаъол мекунанд. Ҷорҷ Крол, аз ҷумла изҳор дошт: — «Мо дўсту шарики Тоҷикистон будем ва боқӣ мемонем ва ба рушди он мусоидат мекунем, то мусоидат кунем ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ». Ў ҳамчунин мавқеи геополитикии Тоҷикистон ва тадбирҳои Ҳукумати мамлакатро баҳри рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, таҳкими амнияту субот дар минтақа ва дар оянда бо нерўи барқ таъмин намудани Афѓонистон бисёр муҳим арзёбӣ карда, изҳор дошт: — «Тоҷикистон ҳамеша дар маркази диққати Амрико» қарор дорад.                 Байни Эмомалӣ Раҳмон ва соҳибкорони амрикоӣ сўҳбати озоду ошкоро ва самарабахш сурат гирифт.                Роҳбари ширкати «Тетис-Петролиум» Девид Робсон чун як соҳибкоре, ки дар Тоҷикистон фаъолияти босамар дорад, ба фазои сармоягузории он баҳои баланд дода, дигар соҳибкорони амрикоиро ба ба ҳамкорӣ бо кишвари мо даъват намуд.               Зимни саволу ҷавобҳо ҳавасмандии зиёди соҳибкорони Амрико баҳри ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аён гашт. Таваҷҷўҳи зиёд ба захираҳои фаровони табиии Тоҷикистон, аз ҷумла нафту газ ва дигар навъҳои сўзишворӣ ва ба туризми кўҳӣ зоҳир гардид.                  Бо истифода аз фурсати мусоид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо донишҷўёни тоҷики дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳсилкунанда ва дигар ҳамватанони муқими ин кишвар мулоқот орост.                     Бояд таъкид намуд, ки мулоқоту сўҳбатҳо бо ҳамватанони бурунмарзӣ ба як анъанаи накў ва ҳамешагии сафарҳои хориҷии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон табдил ёфтааст ва ин вохўрӣ  бори дигар пайравии устувори ўро ба ин кори самарабахш собит намуд.                       Дар вохўрӣ наздики сесад нафар ҳамватанони мо, ки дар Амрико кору зиндагӣ мекунанд, иштирок доштанд. Шумораи зиёди онҳоро донишҷўён ташкил доданд, ки ба ин кишвар баҳри гирифтани таҳсилоти олӣ аз рўйи касбу ҳунарҳои муосири барои рушди имрўзу фардои Тоҷикистон зарурӣ омадаанд.                Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро бо нақшаю барномаҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди иҷтимоиёту  иқтисодиёти кишвар, фарҳанг, илму маърифат ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шинос намуда, барояшон маслиҳатҳои муфид дод. Аз ҷумла донишандўзиро рисолати имрўзаи  донишҷўён арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки ба омўзиши амиқи илмҳои замона муносибати ҷиддӣ дошта бошанд.                      Байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамватанони муқими Амрико як маҳфили озоду ошкорои саволу ҷавоб сурат гирифт, ки дар он беш аз ҳама донишҷўён, соҳибкори ҷавон Эраҷ Бобоев, корманди як ташкилоти байналмилалии молиявӣ Эркин Мустафоқулов ва дигарон хеле фаъол буданд.                Ин мулоқот ва сўҳбатҳои озоду ошкоро бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон боиси ифтихору сарфарозии донишҷўён гашт ва онҳо қавл доданд, ки баҳри омўзиш ва азбаркунии илмҳои замона ҷаҳду талош мекунанд.                Тайи сафари панҷрўзаи худ ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар зиёда аз 20 чорабиниҳои васеъ ва мулоқотҳои дуҷониба иштирок намуда, баҳри таҳкиму густариши ҳамкориҳои минбаъдаи кишварамон бо давлатҳои гуногун ва созмонҳои зиёди минтақавию байналмилалӣ, пеш аз ҳама бо Созмони Милали Муттаҳид ва ҳамчунин баҳри боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори сиёсии Тоҷикистон дар ҷаҳон қадамҳои устувор гузошт.

Сентябрь 28, 2008 20:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиш баргузор гардид
Нисбат ба сокини шаҳри Душанбе барои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Бо мақсади таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Менеҷери лоиҳаҳои Агентии байналмилалии неруи атомӣ бо фаъолияти Маркази саратоншиносӣ дар Душанбе, Кӯлоб ва Хуҷанд шинос шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Алоқа барои бонк
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Боғи «Ирам»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи гулу растанӣ ташкил карда шуд
Хоҷагии деҳқонии «Муҳсиддин»-и шаҳри Ваҳдат 4 оиларо бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин менамояд
Тсюй Дунъюй дар Тоҷикистон бо корҳои безараргардонӣ бар зидди малах шинос шуд
Барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ аз ҷониби милитсияи пойтахт 4 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад