ХИЗМАТРАСОНИИ НАҚЛИЁТИ РОҲИ ОҲАН
Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Корхонаи воҳиди давлатии роҳи оҳани Тоҷикистон дар давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ боркашонӣ тавассути роҳи оҳан нисбатан зиёд гардид. Дар моҳи январ июни- соли 2008 дар нақлиёти роҳи оҳан ба 11,7 ҳазор қатора маҳсулоти гуногун бор карда, ба нуқтаҳои муайян фиристода шуд. Дар ҳамин муддат бори 44,4 ҳазор вагон холӣ карда шудааст. Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ гардиши қатораҳои боркаш 1,55 шабонарӯзро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 8,4 фоиз зиёд аст. Боиси тазаккур аст, ки маҳсули кори локоматив 677 ҳазор тонна км. брутторо ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 2 фоиз кам аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ






