ИЗҲОРОТИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ МАМЛАКАТҲОИ АЪЗОИ СААД
Маскав, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – Вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар Маскав вобаста ба вазъияти минтақаи Қафқоз ва таҷовузи Гурҷистон ба муқобили Иристони Ҷанубӣ изҳорот қабул карданд. Дар изҳорот вобаста ба ин масъала изҳори ташвиши ҷиддӣ карда мешавад. Вазирони корҳои хориҷӣ изҳор намуданд, ки таҷовузи Гурҷистон ба муқобили Иристони Ҷанубӣ сабаби ҳалокати теъдоди зиёди сокинони маҳаллӣ, аскарону афсарони ҳомии сулҳи Русия ва фоҷиаи бузурги гуманитарӣ гардид. Воқеаҳои минтақаи Қафқоз нишон доданд, ки истифода бурдани меъёрҳои дугона дар соҳаи сиёсат хавфи калон дорад. Дар изҳорот ҳамаи мамлакатҳо даъват карда мешаванд, ки вазъияти ба амал омадаро оқилона муҳокима карда, аз истифодаи зӯрӣ даст кашанд ва проблемаҳои мавҷударо бо роҳҳои мусолиматомез ҳал кунанд. Вазирони корҳои хориҷӣ нақши фаъолонаи Русияро дар мусоидат ва барқарор сохтани сулҳу осоиш дар Қафқоз мувофиқи Оинномаи СММ ва ҳуҷҷати хотимавии Хелсинки, инчунин санадҳои дигари байналхалқӣ дастгирӣ намуданд.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






