КӮМАК БА ОИЛАҲОИ КАМБИЗОАТ

Сентябрь 3, 2008 15:34

             Душанбе , 3 сентябр. ( АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев).- Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов имрӯзбо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон- роҳбари барномаҳо дар соҳаи рушди пахтакорӣ Беҳзод Шамсиев ва ҳамоҳангсози барномаҳои кишоварзии бонк Бобоҷон Ятимов мулоқот кард. Намояндагони бонк ба вазири кишоварзӣ дар бораи ҷараёни иҷрои барномаи фавқулоддаи таъмини амнияти озуқа, аз ҷумла ворид сохтани тухмӣ ба Тоҷикистон маълумот доданд. Хабар дода мешавад, ки дар давоми моҳҳои октябру ноябри соли равон ба Тоҷикистон аз хориҷа 1200 тонна ғаллаи тухмӣ ворид сохта, дар 19 ноҳияи вилояти Хатлон ба оилаҳои камбағал тақсим карда мешавад.            Намояндагони бонк аз роҳбарияти Вазорати кишоварзӣ хоҳиш карданд, ки дар ҳалли масъалаҳои расмиёти ворид сохтани ғалла ба Тоҷикистон кӯмак расонад. Ғаллаи тухмӣ дар байни оилаҳое тақсим карда мешавад, ки дар натиҷаи бӯҳрони энергетикӣ ва ҳавои сарди зимистони қаҳратуни соли гузашта зарар дидаанд. Тибқи нақша ба 70 ҳазор оила дар вилояти Хатлон ғаллаи тухмӣ дода мешавад.            Қ.Қосимов ба намояндагони Бонки ҷаҳонӣ барои кӯмакашон изҳори миннатдорӣ карда, ваъда дод, ки мутахассисони вазорат ба аҳолии маҳаллӣ дар бобати парвариши ғалла ба таври ройгон маслиҳату машварат хоҳанд дод.

Сентябрь 3, 2008 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид