МАВСИМИ НАВИ ТЕАТР ОҒОЗ МЕЁБАД
Душанбе, 3 сентябр. ( АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова).- 12 сентябр дар театри драмавии ба номи В.Маяковский мавсими нав оғоз меёбад. Дар давоми фасли тобистон пештоқи театр ва толори он пурра тармим карда шуд. Ҳунарпешаи хушсалиқа Зулфия Содиқова имсол ба театри ба номи В.Маяковский ба кор омад.Дар оғози мавсими нави театр ба тамошобинон асари саҳнавии Баҳодур Миралибеков «Ишқи парӣ» пешкаши тамошобинон гардонида мешавад. Ҳамчунин ҳунарпешагони театр намоишномаи «Панҷ зани Хоҷа Насриддин» — ро машқ карда истодаанд. Айни ҳол дар театр ба таҷлили иди истиқлолияти ҷумҳурӣ тайёрӣ дида мешавад.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






