МУЛОҚОТИ Ҳ. ЗАРИФӢ ВА П.МОРЕЛ
Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова).- Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар Париж 17 сентябр зимни иштирок дар мулоқоти намояндагони мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Маразӣ бахшида ба масъалаҳои амният бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Пер Морел мулоқот кард. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуданд. П.Морел зикр кард, ки мулоқоти мазкур бо қабули изҳороти муштарак дар бораи мавқеи иштирокчиёнаш дар масъалаҳои амният анҷом меёбад. Ҳамрохон Зарифӣ зикр намуд, ки рӯзҳои 21-22 октябри соли равон дар Душанбе бахшида ба масъалаҳои тақвияти муҳофизати сарҳадҳо ва мубориза ба муқобили қочоқи маводи нашъадор конфронси байналхалқӣ баргузор мегардад. Вай изҳори умед кард, ки намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар ин конфронс иштирок хоҳанд кард.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






