МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ТАЛАБАГОН

Сентябрь 1, 2008 16:04

           Қӯрғонтеппа , 1 сентябр. ( АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзал имрӯз зимни суханрониаш дар ҷамъомади ботантана дар шаҳри Қӯрғонтеппа талабагони вилоятро бо оғози соли нави таҳсил табрик намуд. Вай ба фаъолияти омӯзгорони мактабҳои шаҳр баҳои баланд дода, зикр намуд, ки ҳоло дар маркази вилоят 10 мактаби миёна, 3 литсей ва 15 боғчаи бачагона фаъолият доранд.           Роҳбарияти мамлакат ва вилоят ба мушкилоти соҳаи маориф диққати ҳамешагӣ зоҳир намуда, барои бартараф сохтани онҳо тадбирҳои самарабахш меандешанд. Бо компютерҳо таъмин намудани мактабҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят давом дорад, гуфт Ғ.Авзал.           Раиси вилоят ва ҳамроҳонаш баъди ҷамъомади идона дар яке аз синфҳои мактаби миёнаи рақами 11 шаҳри Қӯрғонтеппа дар дарси сулҳ ширкат варзиданд. Онҳо баъдан бо талабагону омӯзгорон ҳамсӯҳбат шуданд. Ҳоло дар мактабҳои шаҳр зиёда аз 19 ҳазор талаба таҳсил мекунад.           Имсол ба синфҳои якуми мактабҳои шаҳр 130 талаба қабул карда шуд. Раиси вилояти Хатлон Ғ.Авзал имрӯз инчунин бо донишҷӯён ва омӯзгорони Донишкадаи энергетикии шаҳри             Қӯрғонтеппа мулоқот анҷом дод.           Тарҷумон — А. Қудратов.

Сентябрь 1, 2008 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд