МУЛОҚОТИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОНУ ФАРОНСА
Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ, ки имрӯзҳо дар Париж мусофират дорад, дирӯз, 17 сентябр бо вазири корҳои хориҷии Фаронса Бернар Кушнер мулоқот кард. Вазирон маҷмӯи масъалаҳои марбут ба ҳамкории ҳар ду мамлакатро дар масъалаҳои мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор, идораи самарабахши сарҳадҳо, вазъияти Афғонистон ва минтақаро муҳокима карданд. Ҳ.Зарифӣ пешниҳод кард, ки ҷараёни тасвиби Созишномаи шарокат ва ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар парлумони Фаронса тезонда шавад. Вай таваҷҷӯҳи ҳамсӯҳбаташро ба аҳамияти калони конфронси байналхалқии бахшида ба мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор ва идораи самарабахши сарҳадҳо, инчунин иштироки намояндагони мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва созмонҳои байналхалқӣ дар ин ҷамъомади муҳим ҷалб намуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Ҳ.Зарифӣ барои иштирок дар мулоқоти нахустини намояндагони мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо ва мамлакатҳои Осиёи Марказӣ бахшида ба масъалаҳои амният ба Париж рафта буд. Мулоқоти мазкур имрӯз кушода мешавад.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






