МУЛОКОТИ ЭМОМАЛИ РАҲМОН БО СЕРГЕЙ НАРИШКИН

Сентябрь 17, 2008 20:15

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Маъмурияти Президенти Федератсияи Россия Сергей Наришкинро, ки чун сарвари ҳайати расмии ин давлат баҳри иштирок дар Форуми сеюми зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  ба шаҳри Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфт.Дар вохўрӣ масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Россия ва мавзўъҳои Форуми мазкур баррасӣ шуд.Таваҷҷўҳи махсус ба рафти иҷрои тавофуқоте зоҳир гардид, ки ҳангоми сафари расмии Президенти Федератсияи Росси Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон рўзи 29 августи соли равон  ба даст омада буд, аз ҷумла ба масоили ҳамкории бунёдии иқтисодии ду кишвар дар соҳаҳои гидроэнергетика, истихроҷи газу нафт ва дигар канданиҳои фоиданок зоҳир гардид.Аз рафти сохтмони нерўгоҳи обии Сангтўда-1, ки то охири соли равон бояд ба анҷом расад, созишҳои дуҷониба оид ба сохтмони се нерўгоҳи миёнаиқтидори обии дигар дар ҳудуди Тоҷикистон ва аз омодагии ҷониби Россия баҳри иштирок дар сохтмони нерўгоҳи азими Роѓун изҳори қаноатмандӣ карда шуд.Рушди ҳамкориҳои илмӣ фарҳангӣ ва маърифатӣ низ аз мавзўъҳои сўҳбат буд. Мусоҳибон аз омодагии ҳарду ҷониб баҳри кушодани филиалҳои се муассисаи олии таълимии Россия дар Тоҷикистон ва дигар тадбирҳои муштарак изҳори қаноатмандӣ карданд.Изҳори боварӣ карда шуд, ки Форуми сеюми зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил   ба дарёфти роҳҳои наву судбахши ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ ва техникию технологӣ муваффақ шуда, аз худ нақши муҳим мегузорад.Хотиррасон мекунем, ки Форуми мазкур пагоҳ дар бўстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Варзоб ба кори худ шурўъ намуда, ду рўз идома меёбад.

Сентябрь 17, 2008 20:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст