ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ ТИРАМОҲУ ЗИМИСТОН
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои раиси ноҳияи Тавилдара Ҳиматшо Ғайратов, соли ҷорӣ барои гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони соли 2008-2009 аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 216 ҳазору 434 сомонӣ ҷудо карда шуд. Аз ин ҳисоб 134 ҳазору 843 сомонӣ барои гармидиҳӣ, 73 ҳазору 741 сомонӣ барои истифодаи қувваи барқ ва 7ҳазору 820 сомонӣ барои пардохти ҳаққи коммуналии муаллимону кормандони соҳаи тиб пешбинӣ гардидааст. Ҳоло ба 54 муассисаи таълимӣ бештар аз 270 тонна ангишт тақсим карда шуд. Ҳамаи муассисаҳои соҳаи маориф ва тиббии ноҳия барои зимистонгузаронӣ бо ангишт таъмин карда шудаанд. Дар се маркази ҷамоати деҳот нуқтаи фурӯши ангишт ташкил карда шудааст.








Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст






