ОЗМОИШГОҲИ ГУМРУК СОҲИБИ ТАҶҲИЗОТИ ТАШХИСИ «МИЛИХРОМ-5-3» ГАРДИД
Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Комиссияи Аврупо оид ба кӯмаки техникӣ ба озмоишгоҳи Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба маблағӣ 270 ҳазор евро дастгоҳи «Милихром-5-3» тӯҳфа кард, ки барои ташхиси хусусиятҳои физикию-химиявӣ ва сифатию-миқдории намудҳои мухталифи мол, аз ҷумла озуқа, дору, маҳсулоти нафт, маводи нашъадор ва ғайра истифода бурда мешавад. Аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки мақсади асосии гумрук ғанӣ гардонидани буҷети мамлакат ва ҳимояи манфиатҳои иқтисодии он мебошад. Вазифаи асосии озмоишгоҳ мусоидат ба тақвияти назорати гумрукӣ ва мақомоти гумрукӣ мебошад. Сардори озмоишгоҳ Сафо Мӯсоев қайд кард, ки вазифаи асосии он ташхиси аниқи сифати мол ва бо ин роҳ пешгирии ворид сохтани молҳои бадсифат ба қаламрави мамлакат мебошад. Роҳбарияти хадамот барои гузаронидани тахшисҳои гумрукӣ соли гузашта бинои озмоишгоҳро пурра тибқи тавсияҳои ташкилоти ҷахонӣ сохта ба истифода дод. Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки таҷхизоти мазкур барои сари вақт ташхис кардани намудҳои гуногуни мол дар озмоишгоҳ барои молворидкунандагон ва тоҷирон хеле муфид аст.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






