ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРӢ БА КОРМАНДОНИ АМИТ «ХОВАР» МУКОФОТ СУПОРИД
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба муносибати солгарди навбатии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба гурӯҳи калони намояндагони касбу кори гуногун мукофотҳои давлатӣ супорид. Дар байни онҳо кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ низ ҳастанд. Аз ҷумла, муовини аввали директори Агентии миллии иттилоотии «Ховар» Зевар Давлатова бо ордени «Шараф» (дараҷаи якум), сармуҳаррири агентӣ Виктор Козлов бо ордени «Дӯстӣ» ва мусаҳҳеҳи шӯъбаи тарҷумаҳои агентӣ Мунира Саидова бо «Ифтихорнома» — и Президенти ҷумҳурӣ сазовор гардиданд. Тарҷумон — Қудратов А.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






