ШАҲРИТУС ДАР САФИ ПЕШ
Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти фаврии Раёсати кишоварзии ноҳияи Шаҳритӯс, дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳия ҳар рӯз ба миқдори 320 тонна пахта ҷамъоварӣ карда мешавад. Роҳбарони хоҷагиҳои давлатӣ ва деҳқонӣ (фермерӣ) барои ҷамъоварии пахта ҳамарӯза аз 7050 қувваи корӣ истифода мекунад. Дар ноҳияи Ёвон бошад 8219 нафар чинакчӣ ҳамин қадар пахта меғундоранд, ки аз ҷиҳати шумора нисбат ба ноҳияи Шаҳритӯс 1169 нафар бештар аст. Пахтаи ҷамъоваришудаи ноҳияи Шаҳритӯс ба ҳисоби миёна дар як рӯз ба ҳар як чинакчи 45,5 кило рост меояд, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин миёни ноҳияҳои вилоят аст. Дар ноҳияи Шаҳритӯс то 30 август бештар аз 3 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст, ки дар вилояти Хатлон нишондиҳандаи беҳтарин маҳсуб мешавад.








Пагоҳ дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад






