ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ АЗ ОЗОДӢ МАҲРУМ ШУДАНД
Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода). — Суди ноҳияи Шоҳмансур ҳафтаи гузашта, шаҳрвандони се мамлакати хориҷиро барои хариду фурӯши ғайриқонунӣ ва қочоқи маводи нашъадор аз озодӣ маҳрум намуд. Аз ҷумла, шаҳрванди Филиппин Гарсиа Ҷон Гардоуси ба мӯҳлати 13 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Вай дар майдони ҳавоии шаҳри Душанбе дастгир шуд. Шаҳрванди Филиппин мехост се килограм героинро аз Душанбе ба Истамбул барад. Шаҳрванди Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Миконгоза Азинзин Флора низ барои қочоқи маводи нашъадор ба мӯҳлати 15 сол аз озодӣ маҳрум гардид. Дар ҷараёни тафтиш маълум шуд, ки шахсони зикршуда маводи нашъадорро аз шаҳрванди Афғонистон Хонзода валади Бутхок харидаанд. Шаҳрванди Афғонистон айни ҳол дар Душанбе зиндагӣ мекунад. Ӯ ба мӯҳлати 16,5 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






