ШОИРАИ ТОҶИК СОҲИБИ ДИПЛОМИ ОЗМУНИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ГАРДИД
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Дар шаҳри Маскав озмуни эҷодии «Адибони ҷавони Иттиҳоди давлатҳои мустақил» анҷом ёфт. Озмун бо ташаббуси Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ гузаронида шуд. Аз бунёди мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки шоираи ҷавони тоҷик Дилором сазовори дипломи махсуси озмун гардид. Тавре хабар дода шуда буд, дар озмун шоирони ҷавони то 35 – солаи мамлакатҳои ИДМ ширкат варзиданд. Намояндагони Русия Андрей Нитченко дар фарҷоми озмун соҳиби дипломи дараҷаи аввал, намояндаи Гурҷистон Ника Ҷорҷанели соҳиби дипломи дараҷаи дуюм ва намояндаи Украина Дмитрий Лазуткин соҳиби дипломи дараҷаи сеюм гардиданд. Ғайр аз ин аъзои ҳайати доварон ва кумитаи тадорукоти озмун ба шоирони ҷавони Арманистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Молдавия, Белорусия, Қазоқистон ва Озарбойҷон дипломҳои махсус супориданд. Дипломҳо ва мукофотҳои пулӣ ба ғолибони озмун 18 сентябр дар шаҳри Душанбе дар ҷараёни мулоқоти сеюми зиёиёни илмӣ ва эҷодкори давлатҳои ИДМ супурда мешаванд. Ҳадафи озмун дастгирии ҷавонони эҷодкори мамлакатҳои ИДМ, вусъат додани муносибатҳои эҷодӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму фарҳанг, ҳунар ва маърифат, расондани кӯмак ба ташаккули эҷодии адибони ҷавон ва чопи асарҳои онҳо мебошад.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






