ШУМОРАИ САЙЁҲОН ДАР САРОСАРИ ҶАҲОН МЕАФЗОЯД
Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — 16 сентябр дар Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати чумҳурӣ бо ҳамоҳангсози СММ дар Аврупо дар соҳаи туризм Эдуард Файос Сола мулоқот баргузор гардид. Намояндаи СММ дар ҳузури ҷамъомадагон дар бораи вазъи соҳаи туризм дар саросари ҷаҳон дар соли 2007 маърӯза кард. Вай зикр намуд, ки соли гузашта теъдоди сайёҳон дар саросари ҷаҳон нисбат ба солҳои гузашта афзуда, ба 898 миллион нафар расид. Ин нисбат ба соли 2006 – ум 52 миллион нафар зиёд мебошад. Дар маърӯза гуфта мешавад, ки теъдоди бештари сайёҳон соли гузашта дар мамлакатҳои Шарқи Наздик ба қайд гирифта шуданд. Дар ҷойи дуюм минтақаи Осиё ва ҳафзаи уқёнуси Ором ва дар ҷойи сеюм мамлакатҳои Африқо карор доранд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2007 узви Созмони ҷаҳонии сафару сайёҳат гардида буд. Эдуард Файос Сола дар СММ сарпарасти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






