ТАҲЛИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ШИРКАТИ «БАРҚИ ТОҶИК» АНҶОМ ЁФТ

Сентябрь 17, 2008 08:18

Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Мутахассисони Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ таҳлили фаъолияти иқтисодӣ ва молиявии ширкати саҳомии холдинги «Барқи тоҷик» — ро анҷом доданд. Фаъолияти ширкат дар бобати истеҳсолу интиқол ва тақсими қувваи барқ ва гармӣ тафтиш карда шуд. Сардори раёсати сиёсати зиддиинҳисоротӣ ва рушди рақобати вазорат Тошпӯлод Рабиев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки зарари моддии фаъолияти ширкат дар соли гузашта 354 миллион сомонӣ буда, барои истифодаи қувваи барқи истифодашуда ҳамагӣ 305,6 миллион сомонӣ ҷамъ оварда шудааст. Соли 2007 ширкати «Барқи тоҷик» ба маблағи 2,7 миллион сомонӣ гармӣ истеҳсол намуда, маблағи ҷамъовардаи истифодаи он ҳамагӣ 314,7 ҳазор сомонӣ мебошад. Дар натиҷа ширкат соли 2007 ба маблағи 41,5 миллион сомонӣ зарар дид. Т.Рабиев зикр намуд, ки соли 2007 нархи 1 киловат қувваи барқ дар Тоҷикистон 2,42 дирам буд. Вале қувваи барқ ба баъзе гурӯҳҳои истифодабарандагон нисбатан арзон фурӯхта шуд. Дар натиҷа ба ширкат ҳамон сол боз 66,7 миллион сомонӣ зарар расонида шуд. Ҳамин тариқ, маблағи умумии қарзи ширкат бо назардошти қарзи солҳои гузашта дар аввали соли равон 57,1 миллион сомониро ташкил дод. Ба қавли Т.Рабиев, яке аз проблемаҳои муҳимтарини рушди соҳа пурра ҷамъ овардани маблағи қувваи барқ ва гармии истифодашуда мебошад. Ин масъала то ҳол ҳалли худро наёфтааст. Аввали соли равон қарзи корхонаю муассисаҳо аз ширкати «Барқи тоҷик» 225,5 миллион сомонӣ буд. Айни ҳол Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии Тоҷикистон аз ҳисоби истифодаи қувваи барқ 50 миллион сомонӣ, Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об 63,2 миллион сомонӣ, Корхонаи воҳидии давлатии «Тоҷиксемент» 1,5 миллион сомонӣ, ҷамъияти саҳомии «Тоҷиккимиёсаноат» 7,3 миллион сомонӣ, вазорати кишоварзӣ 8,3 миллион сомонӣ ва «Душанбеводоканал» 5,8 миллион сомонӣ қарздоранд. Вобаста ба ин ширкати «Барқи тоҷик» аз буҷети давлат то 1 июли соли равон 86,4 миллион сомонӣ қарздор мебошад. Тошпӯлод Рабиев зикр намуд, ки нархи қувваи барқ дар Тоҷикистон нисбат ба мамлакатҳои дигар хеле арзон аст. Вай барои мисол гуфт ки арзиши 1 киловат қувваи барқ дар Ӯзбекистон 3,14 сент, Қазоқистон 2,13 сент, Қирғизистон 1,56 сент, Русия 3,54 сент, Озарбойҷон 2,29 сент, Арманистон 4,95 сент, Белорусия 6,3 сент, Молдавия 5,72 сент ва Украина 4,42 сент мебошад. Бинобар ин мувофиқи Меморандуми ҳусни тафоҳуми Ҳукумати Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки рушди Осиё нархи қувваи барқ дар мамлакат ҳар сол танзим карда мешавад. Ҳадафи ин тадбир муҳайё сохтани шароит ба қонеъ гардонидани талаботу эҳтиёҷоти ширкати «Барқи тоҷик» аст.

Сентябрь 17, 2008 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст