ТЕАТРҲОИ ТОҶИК ДАР ҶАШНВОРАИ ТЕАТРҲОИ ДРАММАВИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар ҷашнвораи II байналмилалии театрҳои драмавии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Алмаато ду намоишномаи коргардонҳои тоҷик намоиш дода мешаванд. Инҳо намоишномаи нависанда ва драмманависи озарбойҷонӣ Али Амирлӣ бо номи «Зани сарватманд», ки онро коргардон Султон Усмонов дар саҳнаи Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба саҳна гузоштааст ва намоишномаи драмманависи қирғиз Озбеков «Ман ягонаи туам», мебошанд, ки коргардон Бурҳон Раҷабов дар Театри мазҳакавию мусиқии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Ато Муҳаммадҷонов рӯи саҳна овардааст. Мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҷашнвораи II байналмилалӣ 2 сентябр дар Театри опера ва балети ба номи Абайи Қазоқистон оғоз гардида, чаҳор рӯз ҳунарпешагони чаҳор театри Қазоқистон, ду театри Тоҷикистон ва яктогӣ театрҳои Қирғизистону Ӯзбекистон маҳорату ҳунари хешро дар саҳнаҳои Театри драммавии ба номи Мухтор Авезов ва Театри тамошобини навраси шаҳри Алмаато намоиш медиҳанд. Ҳунарпешагони тоҷик 5 сентябр дар Театри тамошобини наврас намоишномаи «Ман ягонаи туам» ва бегоҳии ҳамон рӯз дар Театри драммавии ба номи Мухтор Авезов асари саҳнавии «Зани сарватманд»-ро намоиш медиҳанд.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






