ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҶТ ҲАМРОХОН ЗАРИФӢ БА ПАРИЖ РАФТ
Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ барои иштирок дар мулоқоти нахустини вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ бахшида ба масъалаҳои амният ба пойтахти Фаронса — шаҳри Париж рафт. Мулоқот 18 сентябр баргузор мегардад. Дар он вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо, Осиёи Марказӣ ва намояндагони СММ, НАТО, СҲШ, Ҷомеаи иқтисодии Евразия ва СААД ширкат меварзанд. Ҳамрохон Зарифӣ рӯзҳои мусофираташ дар Париж бо вазирони корҳои хориҷии баъзе мамлакатҳо мулоқот хоҳад кард. Вай имрӯз 17 сентябр дар маросими додани унвони «Ҳунарпешаи ҷаҳон» ба муҷассамасози тоҷик Амриддин Аминов ширкат меварзад, ки дар Париж кору зиндагӣ мекунад.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






