ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ИМА БА МУВАФФАҚИЯТИ АМАЛИЁТИ НИЗОМӢ ДАР АФҒОНИСТОН БОВАР НАДОРАД
Раиси кумитаи муттаҳидаи сардорони ситодҳои ИМА адмирал Майк Маллен зимни суханрониаш дар конгресс пешниҳод кард, ки алоқаи силоҳбадастони афғонро аз пойгоҳҳои низомӣ ва анборҳои аслиҳаашон дар Покистон қатъ кардан зарур аст. Вай дар ҳузури вакилони Палатаи намояндагони конгресс изҳор намуд, ки танҳо бо ҳамин роҳ дар мубориза ба муқобили силоҳбадастони афғон ғалаба ба даст овардан мумкин аст. Адмирал изҳор намуд, ки маъмурияти ИМА бояд дар масъалаи нобуд сохтани силоҳбадастони Афғонистон бо Покистон ҳамаҷониба ҳамкорӣ кунад. Вай зикр намуд, ки Афғонистону Покистон аз бисёр ҷиҳат ба ҳамдигар муносибатҳои канданашаванда доранд. Мо метавонем силоҳбадастонро баъди аз сарҳади Покистон гузаштанашон нобуд созем. Вале то алоқаи онҳоро аз пойгоҳҳои низомӣ ва захираи аслиҳа дар Покистон канда накунем, ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасем, гуфт адмирал. Вале Покистон қатъан изҳор кардааст, ки қисмҳои ҳарбии хориҷиро ба қаламрави худ роҳ намедиҳад. Сардори ситоди атриши Покистон генерал Ашфақ Парвиз Каёнӣ изҳор намуд, ки соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии қаламрави мамлакат бо ҳар роҳу восита ҳимоя карда хоҳад шуд. Президенти ИМА як рӯз пеш аз суханронии адмирал Маллен дар конгресс хабар дод, ки то моҳи феврли соли 2009 илова ба 33 ҳазор аскару афсари дар Афғонистн буда ба ин мамлакат боз 4,5 ҳазор аскару афсари амрикоӣ фиристода мешавад. Чанде пеш низомиёни амрикоӣ дар ҷараёни задухӯрд бо силоҳбадастон ба қаламрави Покистон даромаданд. Дар натиҷаи ин амалиёт кормандони хадамоти амнияти Покистон ва сокинони маҳаллӣ ҳалок шуданд. Ин сабаби муташанниҷ гардидани муносибатҳои Покистону Амрико гардид. Ғайр аз ин ҳалокати сокинони маҳаллӣ дар натиҷаи амалиёти ҳарбӣ ба муносибатҳои Афғонистону Амрико низ таъсири манфӣ мерасонад. Сарвазири Канада Стивен Харпер рӯзи чоршанбеи гузашта изҳор намуд, ки қисмҳои ҳарбии мамлакаташ соли 2011 аз Афғонистон бароварда мешаванд.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






