ЯРМАРКАИ ҚАЛБАКӢ
Душанбе, 3 сентябр. ( АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Сокинони шаҳр чанд сол боз шоҳиди як иқдоми хуби шаҳрдорӣ гардиданд. Дар пойтахти кишвар дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе гузаронидани намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳукми анъана даромадааст. 31 август ноҳияи Ҳисор ярмаркаи навбатии маҳсулоти кишоварзии худро дар бозори Қарияи Боло ташкил дод. Тибқи иттилои директори бозор Валӣ Давлатов ноҳияи Ҳисор дар ин рӯз 15 тонна маҳсулоти кишоварзиро пешкаши харидорон намуд, аммо дар асл он аз 7-8 тон зиёд набуд. Баробари ин ба сифати маҳсулот касе диққат намедод. Маҳсулоти ба бозор воридшуда бо сифати хеле паст пешкаши харидорон карда шуд. Фурӯшандаҳои аз одоби муошират дур таъби дили мардумро низ хира месохт. Ба зами ҳамаи ин, нархҳои аз тарафи комиссия муайяншуда, ҳинни савдо риоя намешуданд. Ҳамаи ин корҳо аз қалбакӣ будани ярмаркаи онрӯза, ки ноҳияи Ҳисор баргузор намуд, далолат менамуд.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






