АССОТСИАТСИЯИ «АСАЛ»
Душанбе, 2 октябр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Бино ба гуфти роҳбари ассотсиатсияи «Асал»- и ноҳияи Ховалинг Хушвақт Шарифов, онҳо соли ҷорӣ аз 15 то 18 тонна маводи саноатӣ-асали навъи олӣ гирифтанианд. Ҳоло ба ин ассотсиатсия 12 хоҷагии замбӯриасалпарварӣ муттаҳид карда шудааст. Хар хоҷагӣ аз 140 то 250 оила занбӯри асал дорад. Ноҳияи Ховалинг барои парвариши занбӯри асал шароити мусоидро дорост. Дар ин ҷо хоҷагиҳои алоҳидаи шахсӣ ҳам аз занбӯриасалпарварӣ фоидаи калон ба даст меоранд. Ба ақидаи мутахассисон, асали Ховалингу Рашт аз ҳам қариб фарқ надоранд. Аз ин рӯ, асали ин ду мавзеъ харидори зиёд доранд.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






