АЗ ДУ ҲАВОПАЙМОИ ДУШАНБЕ — МОСКВА ЗИЁДА АЗ ЯК КИЛОГРАММ ГЕРОИН МУСОДИРА ГАРДИД
Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Кормандони гумруки майдони ҳавоии шаҳри Душанбе сокини ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон Алибек Куканбекови 46- соларо дастгир карданд, ки мехост бо ҳавопаймо аз Душанбе ба Москва қариб як килограмм маводи нашъадорро барад. Аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки аз бағоҷи А. Куканбеков як халтаи селофанӣ қурут ёфт шуд. Дар дохили қурутҳо моддаи нашъадори героин ҷой карда шуда буд, ки вазни холиси он 998 грамро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар майдони ҳавоии Душанбе сокини ноҳияи Ёвон Назокат Саъдиеваи 38-сола дастгир карда шуд. Табибон аз меъдаи ӯ 29 ғилофаки селофании героиндорро хориҷ карданд. Вазни холиси маводи нашъадори аз меъдаи ӯ хориҷкардашуда 145 грамро ташкил медиҳад. Вобаста ба ин нисбати Алибек Куканбеков ва Назокат Саъдиева парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, барои тафтиш ба прокуратураи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуд.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






