ДАР ДОИРАИ ҲАМКОРИҲО
Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар доираи ҳамкориҳои муштарак Созишномаҳои иқтисодии байнидавлатӣ ва шарномаҳои додугирифт ба имзо расонида шуд. Тибқи маълумоти оморӣ, дар нӯҳмоҳаи соли ҷорӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия ба миқдори 146 ҳазору 352 тонна маҳсулот, аз қабили меваҷоту сабзавот содир карда шудааст. Роҳбарон ва субъектҳои хоҷагидории вилоятҳои Суғд ва Хатлон дар давоми моҳи октябри соли ҷорӣ бо ҳамкасбони россиягии худ мувофиқан аз вилоятҳои Астрахан ва Оренбург лоиҳаҳои созишнома ва ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмию техникиро омода намуда, мавриди омӯзиш қарор доданд. Ба имзо расонидани ин ҳуҷҷатҳои муҳим ба рушди иқтисодиёти ин ду давлати бо ҳам муносибатҳои хуби стратегӣ дошта, бештар мусоидат хоҳад кард.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






