ХАДАМОТИ ГУМРУКИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ АЗ ЛАБОРАТОРИЯИ ГУМРУКӢ ДИДАН НАМУДАНД

Октябрь 10, 2008 14:54

Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Дар Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ семинари минтақавии Хадамоти гумруки давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.Аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар семинар масъалаи «Фаъолияти самараноки системаҳои таҳлил ва идории таваккал — ҳамчун омили кафолати ҳифзи ҷомеа аз интиқоли ғайриқонунии молҳо тавассути сарҳад ва инкишофи савдои минтақа» мавриди баррасӣ қарор гирифт.Дар кори семинар намояндагони Хадамоти гумруки Ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва намояндагони даъватгардидаи созмонҳои байналхалқӣ ширкат варзида, дар мавзӯъҳои «Мавқеи системаҳои идории таваккал дар беҳтар намудани фазои тиҷоратию иқтисодии минтақа» ва «Соддагардонии монеаҳои маъмурӣ дар тиҷорати минтақавӣ дар партави таъмин намудани амнияти иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ» баромад намуданд.  Иштирокчиёни семинар бо фаъолияти Лабораторияи гумрукии маркази Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно гашта, филми мустанади «Масъулият»-ро, ки аз ҷониби кормандони Шӯъбаи иттилооти Хадамот дар мавзӯи қонуншиканиҳои гумрукӣ таҳия гардида буд, тамошо намуданд.  

Октябрь 10, 2008 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад