ХАДАМОТИ ГУМРУКИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ АЗ ЛАБОРАТОРИЯИ ГУМРУКӢ ДИДАН НАМУДАНД
Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Дар Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ семинари минтақавии Хадамоти гумруки давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.Аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар семинар масъалаи «Фаъолияти самараноки системаҳои таҳлил ва идории таваккал — ҳамчун омили кафолати ҳифзи ҷомеа аз интиқоли ғайриқонунии молҳо тавассути сарҳад ва инкишофи савдои минтақа» мавриди баррасӣ қарор гирифт.Дар кори семинар намояндагони Хадамоти гумруки Ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва намояндагони даъватгардидаи созмонҳои байналхалқӣ ширкат варзида, дар мавзӯъҳои «Мавқеи системаҳои идории таваккал дар беҳтар намудани фазои тиҷоратию иқтисодии минтақа» ва «Соддагардонии монеаҳои маъмурӣ дар тиҷорати минтақавӣ дар партави таъмин намудани амнияти иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ» баромад намуданд. Иштирокчиёни семинар бо фаъолияти Лабораторияи гумрукии маркази Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно гашта, филми мустанади «Масъулият»-ро, ки аз ҷониби кормандони Шӯъбаи иттилооти Хадамот дар мавзӯи қонуншиканиҳои гумрукӣ таҳия гардида буд, тамошо намуданд.