ИҶРОИ НАҚША ДАР БАДАХШОН
Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар». Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, дараву кӯфтани гандум дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба охир расид. Боиси ёдоварист, ки соли ҷорӣ дар вилоят дар майдони 4171 гектар кишти гандум гузаронида шуда буд. То 25 сентябр ҷамъоварӣ ва кӯфтани гандум дар ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и вилоят ба охир расид. Соли ҷорӣ дар ВМКБ аз ҳар гектар 16,5 сентнерӣ ҳосили гандум ба даст оварда шуд, ки ин нисбат ба соли 2007-0,5 сентнерӣ камтар аст. Соли 2008 дар хоҷагиҳои вилоят 8 ҳазору 91 тонна ҳосили гандум ба даст оварда шуд, ки нисбат ба соли 2007 – 644 тонна зиёд аст.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






