КАНОРАГИРӢ АЗ ШАРТНОМАҲОИ МЕҲНАТӢ

Октябрь 31, 2008 10:29

                Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Афзоиши маблағи қарздорӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба 6 миллиону 464 ҳазор ва дар 9 моҳи соли ҷорӣ қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат боз бештар гардид. Қарзи аз ҳама зиёди музди меҳнат дар соҳаи кишоварзӣ боқӣ монда, он ба 14 млн. 286 ҳазор сомонӣ ё худ ба 67,8 фоизи қарзи умумӣ баробар мебошад.                Яке аз сабабҳои асосии сари вақт пардохт нагардидани музди меҳнати кормандони соҳаи кишоварзӣ ин баста нашудан ё иҷро нагардидани бандҳои шартномаҳои меҳнатӣ аз ҷониби корфармоён мебошад.                То 1 сентябри соли 2008 дар ҷумҳурӣ аз 36089 корхона ва ташкилоту муассисаҳо танҳо 24,9 фоизашон ( 8972) бо коргарон шартнома ва созишномаҳои меҳнатӣ доранд.                 Бо мақсади ба низом даровардани вазъи пардохти музди меҳнат Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Дастуруламал «Оид ба пардохти музди иловагӣ ҳангоми ба таъхир афтодани музди меҳнат бо айби корфармо» таҳия ва барои мувофиқа ба вазорату идораҳои дахлдор пешкаш намуд.  

Октябрь 31, 2008 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд