КОРХОНА БА ДЕХҚОНОН КӮМАК МЕРАСОНАД
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2007 таъсис ёфта буд. Корхона хоҷагиҳои кишоварзӣ (фермерӣ) ва хусусии ҷумҳуриро новобаста ба шакли моликияташон бо техника ва қисмҳои эҳтиётӣ ба тариқи лизинг таъмин менамояд. Ҳукумати ҷумҳурӣ аввали соли равон ба корхонаи «Тоҷикагролизинг» барои хариди техника ва таҷҳизоти дигари кишоварзӣ 8 миллион сомонӣ ҷудо карда буд. Соли ҷорӣ тариқи шартномаҳои дутарафа аз ҷумҳуриҳои Белорусия ва Ӯзбекистон 62 трактори МТЗ, 44 плуг, 60 адад кузов ва 14 мошини картошкағундор ворид карда шуд, ки ба ивази қарзи дарозмуддат ба хоҷагиҳои деҳқонӣ тақсим карда шуданд. Ин кам бошад ҳам, меҳнати деҳқононро то андозае осон гардонда, ба онҳо имкон медиҳад, ки ҳосили фаровони зироат ба даст оваранд.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






