МУҲОКИМАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИ БАРОИ СОЛИ 2009 ДАР ПАРЛУМОН ОҒОЗ ЁФТ
Душанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009» дар Кумитаҳои палатаи поёнии парлумони мамлакат оғоз ёфт. Дар ҷаласаҳое, ки дар кумитаҳои иқтисод, буҷет, молия ва андоз, оиди масъалаҳои иҷтимоӣ, оила, ҳифзи сиҳатӣ ва экология ва Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон доир гардид, лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009 муҳокима гардид. Иштирокдорони ҷаласаҳо ва гурӯҳи корӣ таклифу эродҳои Кумитаҳои Маҷлиси намояндагонро баррасӣ намуданд. Онҳо, зикр карданд, ки аз ҷониби Кумитаҳои мазкур як қатор таклифу эродҳо дар мавриди ҷудо намудани маблағҳои зарурӣ барои табобати санаторӣ-курортӣ, андозаҳои ҷубронпулии роҳхатҳо ба ветеранҳои ҷанг, риояи таносуби ҷудо кардани маблағҳо барои дармонгоҳҳо ва беморхонаҳо, пешбинии маблағҳо барои амалиёти ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард, дар буҷети давлатӣ нишон додани ҳаҷми маблағҳо барои таҳсилоти умумӣ, истифодаи самараноки маблағҳо барои баланд бардоштани маоши муаллимон ва ғайраҳо пешниҳод гардидааст. Муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009» дар Кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон идома дорад.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






