САФАРИ КОРИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРӢ БА НОҲИЯҲОИ ВОДИИ РАШТ
Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз барои боздиди корӣ ба ноҳияҳои водии Рашт рафт. Ӯ зимни сафар бо ҷараёни пешрафти иҷтимоию иқтисодии минтақа, иҷрои дастуру супоришҳои худ, инчунин амалӣ сохтани қарорҳои Ҳукумати мамлакат шинос гардида, аз баъзе корхонаю муассисаҳои дорои аҳамияти истеҳсолию иҷтимоӣ боздид ба амал оварда, бо роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва сокинони маҳаллӣ мулоқотҳо анҷом хоҳад дод. Аз дафтари матбуоти Сарвари давлат ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, сафари кории Президент дар водии Рашт 4 октябр анҷом меёбад.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






