ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК ДАР КУРИЁИ ҶАНУБӢ СЕ МЕДАЛ БА ДАСТ ОВАРДАНД
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар»,Пайрав Назаров).- Аз 25 сентябр то 2 октябр дар шаҳри Пусони Куриёи Ҷанубӣ мусобиқаҳои варзишии ҷавонон баргузор гардид. Дар он гурӯҳи варзишгарони тоҷик низ ширкат варзида, соҳиби се медал ва ҷом гардиданд. Аз ҷумла варзишгари тоҷик Саидмаҳмуд Замиров дар вазни то 70 килограм дар гӯштини «Паҳлавонӣ» медали тилло ба даст овард. Варзишгари дигар Наврӯз Арабов дар намудҳои варзиши «Қубода» ва «мили сангин» сазовори ҷойҳои дуюму сеюм гардид. Варзишгарони тоҷик инчунин ба Ҷоми махсуси мусобиқа сазовор гардиданд. Дастаи варзишгарони Тоҷикистон аз рӯи ҳисобҳои умумӣ дар мусобиқа ҷои сеюмро ишғол намуданд.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






