ВУСЪАТЁБИИ ХИЗМАТРАСОНИИ ИНТИҚОЛИ МАБЛАҒҲОИ «БЫСТРАЯ ПОЧТА»

Октябрь 30, 2008 15:36

                Душанбе, 30 октября. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар Душанбе семинари хизматрасонии интиқоли маблағҳои «Быстрая почта» баргузор гардид, ки ҳадаф аз баргузории он мубодилаи таҷриба дар соҳаи амалигардонии интиқоли маблағҳои шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоб байни Россия ва давлатҳои ИДМ буд.                Барои иштирок дар семинар мизоҷони бонк — шахсони воқеие, ки аз хизматҳои интиқоли маблағҳо истифода менамоянд, кормандони масъули ҶСК «Ориёнбонк» дар шахсияти коркунони идораи ҳисобот ва назорати интиқоли маблағхо, шӯъбаи интиқоли маблағҳои бонк ва операторони филиали ҶСК «Ориёнбонк» дар шаҳри Қӯрғонтеппа даъват шуда буданд.               Дар доираи семинар, бо маърӯзаҳои худ оиди ҷиҳатҳои гуногуни фаъолият ва вусъатёбии хизматрасонии интиқоли маблағҳои «Быстрая почта» роҳбари гурӯҳи коркард ва идораи маҳсулоти ҶСП «Райффайзенбанк» — Дмитрий Кириллов ва роҳбари гурӯҳи интиқоли маблағҳои ҶСП «Райффайзенбанк» — Сергей Нестеров баромад намуданд.               Намояндагони низоми мазкур инчунин маълумот оиди қадамҳои нави креативӣ баҳри тараққиёти хизматрасонии «Быстрая почта» ба ҳозирин пешкаш намуданд.

Октябрь 30, 2008 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд