ЗАМИН БО НАЗАРДОШТИ СИФАТ, ҶОЙГИРШАВИ ВА АРЗИШИ КАДАСТРААШ АНДОЗБАНДИ МЕШАВАД
Душанбе, 27 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бори аввал дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмати буҷетҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қисми даромад ва хароҷоти буҷет бо каср муайян карда шудааст. Чунин зикр шуд зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009», ки 27 октябр дар Кумитаҳои палатаи поёнии парлумони мамлакат баргузор гардид. Дар робита вакилони мардумӣ ба ин моддаи лоиҳаи қонун тағйирот ворид намуда, пешниҳод карданд, ки касри буҷет дар ин самт аз ҳисоби маблағҳои мақсаднок пӯшонида мешавад. Ҳамчунин, дар ҷаласа, ки дар он роҳбарони як қатор вазорату идораҳои марбутаи кишвар ширкат доштанд, вакилони палатаи поёнии парлумон таклиф пешниҳод карданд, ки мувофиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андози замин бо назардошти сифату ҷойгиршавии замин ва арзиши кадастри замин бояд андозбанди карда шавад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






