1005 АМАЛИЁТ ДАР КӮЛОБ ВА ПАРДОХТИ БОҶИ ДАВЛАТӢ

Ноябрь 11, 2008 15:57

       Кӯлоб, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Тибқи иттилои иҷрокунандаи вазифаи сарнотариуси давлатии шаҳри Кӯлоб Хушвахт Ашӯров, дар моҳи октябри соли равон Идораи нотариалии давлатии шаҳри Кӯлоб 1005 амалиёти нотариалӣ гузаронидааст.     Ба гуфтаи ӯ, идораи мазкур шартномаи хариду фурӯши манзили истиқоматӣ, шартномаи тӯҳфаи манзил, харидуфурӯши ҳуҷра, шаҳодатнома оид ба ҳуқуқи моликият, ваколатномаҳои ронандагӣ, тасдиқи нусхаи ҳуҷҷат ва дигар амалиётро ба анҷом расонидааст.     Хушвақт Ашӯров мегӯяд, ки аз амалиёти дар боло зикршуда 26813 сомонию 75 дирам маблағи боҷи давлатӣ пардохт шудааст. Инчунин, дар амалиёт 837 адад варақаи расмӣ (бланка) сарф шудааст, ки маблағи он 4352 сомонию 20 дирамро ташкил медиҳад. Бояд зикр намуд, ки ҳаққи хизматрасонии нотариалӣ ба маблағи 3966 сомонӣ пардохт шудааст.   

Ноябрь 11, 2008 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид