ҲОСИЛНОКИИ КАРТОШКА СОЛИ ҶОРӢ БЕҲТАР ГАРДИД
Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки соли ҷорӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и ҷумҳурӣ тибқи дурнамои истеҳсолӣ 212 ҳазору 931 тонна картошка истеҳсол карда мешавад.То 27-уми октябр 141 ҳазору 304,7 тонна картошка истеҳсол карда шудааст, ки ин баробар ба 66,4 фоизи дурнамо мебошад. Картошкаи истеҳсолшуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 72 ҳазору 383 тонна зиёд аст. Соли ҷорӣ ҳосилнокии ҳар гектар замини картошка ба 197,7- сентнерӣ расонида шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10- сентнерӣ аз ҳар гектар зиёд аст.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






