ҶИНОЯТКОРОН МАРДРО МАҶБУРӢ БА РОССИЯ РАВОНА КАРДАНӢ ШУДАНД
Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Аз ҷониби кормандони Шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи дар нақлиётбудаи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ далели одамрабоиро, ки аз ҷониби сокинони ҷамоати Ворӯхи ноҳияи Исфара содир гардид, ошкор намуданд. Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки шаҳрвандон Абдумаҷид Ҳомидови 49-сола, Паймон Исомиддинови 30-сола, Хуршед Рустамови 37-сола ва Мунир Баҳриддинов шаҳрванд Абдусалом Баҳодурови 55-соларо латукӯб намуда, аз хонааш тариқи зуроварӣ гирифта бурдаанд. Онҳо барои ҷабрдида маҷбуран ба хатсайри Хуҷанд-Новосибирск чипта харида, ӯро ба Русия равона карданӣ шудаанд.Сардори маркази матбуоти ВКД Маҳмадулло Асадуллоев сабаби латукӯб ва маҷбуран чипта харидану ба Русия равона кардани Абдусалом Баҳодуровро аз ҷониби ҷинояткорон дар даст доштани маводи мухаддир арзёбӣ намуд.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






