ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АБУЛФАС КАРАЕВРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ
Имрўз 11 ноябри соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Вазири фарҳанг ва туризми Ҷумҳурии Озарбойҷон Абулфас Мурсал Оғли Караевро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Озарбойҷон, пеш аз ҳама дар соҳаҳои фарҳангу туризм баррасӣ шуд.Мусоҳибон тавсиаи робитаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла ташкил ва гузарондани рўзҳои фарҳангиро дар кишварҳои ҳамдигар воситаи хуби густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун ва таҳкими муносибатҳои дўстонаи байни давлатҳо ва мардумони онҳо арзёбӣ намуданд.Мусоҳибон аз натиҷаҳои Рўзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Озарбойҷон, ки моҳи октябри соли 2007 баргузор гашта буд, қаноатмандӣ зоҳир намуда, изҳори боварӣ карданд, ки Рўзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон низ дар сатҳи баланд ва фазои дўстию бародарӣ ҷараён гирифта, баҳри таҳкиму густариши робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвар ва дар амал татбиқ шудани санадҳои қарордодию ҳуқуқии амалкунанда заминаи боэътимод мегузоранд.Ҳарду ҷониб таъкид бар он доштанд, ки таҷрибаи гузарондани рўзҳои фарҳангӣ дар кишварҳои ҳамдигар солҳои баъдӣ низ идома дода шавад.Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, туризм, робитаҳои минтақавию байниминтақавӣ ва дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷўҳ гуфтугў сурат гирифт.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






