МУСОБИҚОТИ ҚАҲРАМОНИИ ТЕННИСИ РӮИ МИЗ АНҶОМ ЁФТ
Душанбе, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Дар пойтахти мамлакат мусобиқоти қаҳрамонии тенниси рӯи миз анҷом ёфт. Аз Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар мусобиқа дастаҳои варзишгарони ҳамаи минтақаҳои мамлакат ширкат варзиданд. Дар байни мардон намояндаи вилояти Хатлон Инъом Саидов ва дар байни занон намояндаи гурӯҳи ноҳияҳои тобеи марказ Екатерина Ишенко ғолиб омаданд. Аз рӯи ҳисоби умумӣ, дастаи мардонаи вилояти Хатлон ҷои аввал, варзишгарони вилояти Суғд ҷои дуюм ва теннисбозони пойтахт ҷои сеюмро ишғол намуданд. Дар байни дастаҳои занона варзишгарони вилояти Суғд дар ҷои якум, варзишгарони гурӯҳи ноҳияҳои тобеи марказ дар ҷои дуюм ва намояндагони вилояти Хатлон дар ҷои сеюм қарор доранд.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






