РАИСИ ХАТЛОНУ ШАҲРДОРИ КӮЛОБ КИТОБ ЧОП КАРДАНД
Кӯлоб, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Баъд аз чандин соли ба таъхир афтодан ахиран романи «Масъуди Сипаҳсолор»-и нависанда Сайид Раҳмон дар нашриёти «Эҷод»-и шаҳри Душанбе дар ҳаҷми 22 боб ва 600 саҳифа ба таъб расид. Китоби мазкур аз рӯзгори муҷоҳиддини дараи Панҷшер ва муборизаи қаҳрамононаи мардуми афғон бо сарварии машҳуртарин лашкаркаши охири асри 20 — Аҳмадшоҳи Масъуд ҳикоят мекунад. Ин китоб барои хонанда саҳифаҳои то ҳанӯз норӯшани корномаҳои Аҳмадшоҳро ҳамчун сипаҳсолори бузург ва зиндагиномаи ӯро ҳамчун як тан тоҷики хоксор ва ориёии бонангу ор рӯшан месозад. Сайид Раҳмон барои эҷоди ин китоб ба зодгоҳи Масъуд сафар карда, бо хешону пайвандон ва ҳамяроқону зердастони ӯ сӯҳбат кардааст. Ба гуфтаи муаллиф, роман бо дастгирии молиявии раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов ва шаҳрдори Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев ба таъб расидаст.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






