САРВАРИ ДАВЛАТ АЛИ БОБОҶОНРО БА ҲУЗУР ПАЗИРУФТ
26 ноябри соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Али Бобоҷонро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Туркия баррасӣ шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи муносибатҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, рушди бонизоми ҳамкориҳоро натиҷаи робитаҳои пайвастаи сарони ду давлат ва ҳавасмандии муштарак маънидод кард.Мусоҳибон аз болоравии мубодилоти молу маҳсулот изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид бар он доштанд, ки соли гузашта ҳаҷми он ба 550 миллион доллари амрикоӣ баробар шуд ва имсол ин нишондод аз ин ҳам зиёд хоҳад шуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки имрӯз наздики 50 корхонаю ширкатҳои туркӣ дар Тоҷикистон фаъолияти пурсамар доранд, аз ҷумла дар соҳаи сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва бунёди меҳмонхонаю марказҳои тиҷоратӣ. Аз робитаҳои илмию фарҳангӣ ва таҳсилотӣ низ қаноатмандӣ зоҳир гардид.Дар мулоқот ҳамчунин атрофи муносибатҳои Тоҷикистону Туркия дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, авзои кунунии минтақавӣ, рушди ҳамкориҳо дар Осиёи Марказӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.








Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид






