САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР МАРОСИМИ БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БИНОИ АСОСИИ ДДТТ ИШТИРОК МЕКУНАД
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани бинои асосии Донишгоҳи Давлатии тиббии ба номи Абӯали ибни Сино ширкат варзида, баъди чанд лаҳза онро расман ифтитоҳ хоҳад кард. Аз вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар маросими ба истифода додани бинои асосии донишгоҳ кормандони муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои мамлакат, инчунин донишҷӯён иштирок менамоянд. Тавре хабар дода шуда буд, Ҳукумати мамлакат барои барқарор сохтани бинои асосии донишгоҳ бештар аз 14 миллион сомонӣ ҷудо кард. Бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббиро , ки соли гузашта бар асари сӯхтори шадид нобуд гардида буд, коргарону мутахассисони ширкатҳои сохтмонии «Авторем», «Асос» ва «Сомон- сохтмон» барқарор намуданд. Донишҷӯён ва омӯзгорони донишгоҳ низ дар сохтмони бино саҳми калон гузоштанд.Бояд гуфт, ки ганҷинаи китобхонаи донишгоҳ ва бойгонии он аз сӯхтор наҷот дода шуда буд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки бинои Донишгоҳи давлатииё тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино соли 1939 сохта шуда , яке аз биноҳои кӯҳнатарини пойтахт ба шумор меравад.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






