СЕМИНАРИ ОБУ ҲАВОШИНОСИ ДАР ДУШАНБЕ
Душанбе, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Имрӯз дар шаҳри Душанбе семинарии обу ҳавошиносӣ доир мегардад. Семинарро намояндаи Бонки умумиҷаҳонӣ дар якҷоягӣ бо Хадамоти обу ҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир менамоянд. Дар ин семинар мавзӯи «Баланд бардоштани самаранокии хизматрасонӣ доир ба пешгӯиҳои обу ҳавошиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди муҳокима қарор дода мешавад. Дар назар аст, ки намояндаи Бонки умумиҷаҳонӣ ҷаноби В.В. Сиркунов оид ба иттилоотонии кишоварзони ҷумҳурӣ аз офатҳои табии тавассути техникаи ҳозиразамон, кӯмаки Бонки умумиҷаҳонӣ ва донорҳо, ва дар бораи харидани технологияи метеорологӣ дар ҳаҷми 6 млн. доллари амрикои барои обу ҳавошиносони кишвар суханронӣ кунад. Ҳамчунин суханронии сардори Хадамоти обу ҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист аз рӯи мушкилоти соҳа дар семинар пешниҳод мешавад.








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст






