ШУМОРАИ НАВБАТИИ МАҶАЛЛА ЧОП ШУД

Ноябрь 24, 2008 11:22

        Душанбе, 24 ноябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Шумораи навбатии чоруми маҷаллаи «Мигрант – ТҶ» аз чоп баромад, ки сармуҳаррири он рӯзноманигори маъруф Раҳмон Ӯлмасов мебошад. Тавре хабар дода шуда буд, вазифаи асосии маҷалла ба таваҷҷӯҳи мақомоти ҳукуматӣ расондани мушкилоти кору зиндагӣ ва меҳнати коргарони муҳоҷири тоҷик ва бо кӯмаки мақомоти ғайриҳукуматӣ ҳал кардани проблемаҳои коргарони муҳоҷир мебошад. «Мо мушкилоти кору зиндагии коргарони муҳоҷирро мавриди баҳсу мунозира қарор дода, онҳоро ба мақомоти дахлдор маълум менамоем», — гуфт сармуҳаррири маҷалла.        Яке аз роҳҳои ҳалли ин проблемаҳо ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор мебошад. Ҳадафи нашри маҷалла ба даст овардани маблағ набуда, бо кӯмаки мақомоти давлатӣ расондани ёрӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Мо бояд бо кӯмаки онҳо роҳу усулҳои ҳалли проблемаҳои муҳоҷиронро ёбем.         Бояд гуфт, ки сармуҳарри маҷалла Р. Ӯлмасов аз проблемаҳои кору зиндагии коргарони муҳоҷири тоҷик ба хубӣ огоҳ мебошад. Вай ба қарибӣ ҳамроҳи доктори илми фалсафа, профессори кафедраи фалсафа ва равоншиносии Донишгоҳи давлатии Волгоград Василий Василенко китоби «Глобализатсия и винужденная мигратция народонаселения» — ро аз чоп баровард.

Ноябрь 24, 2008 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст