ҚАЛЛОБ ТАНҲО 63 ҲАЗОР СОМОНИРО БАРГАРДОНИДУ ҒАЙБ ЗАД
Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Дар рафти тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноӣ бо моддаҳои 110, қисми 3 ва 249-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд, ки сокини шаҳри Хуҷанд Ҳотамҷон Маҳмудов (соли таваллудаш 1981) якҷоя бо шаҳрванд Дилшод Қодиров моҳи октябри соли 2008 бо роҳи фиреб ба боварии истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд Рустамҷон Абдулваҳҳобов даромада, аз ӯ се адад автомашинаи тамғаи «Крайслер», «ВАЗ-21 06» ва «BMW»ро, ки маблағи онҳо 110 ҳазор сомониро ташкил медод, гирифт. Номбурда танҳо 63 ҳазори маблағро баргардонида, ғайб зад. Тавре аз маркази матбуоти ВКД-и ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, барои дастгир намудани ҷиноятпеша чораҳои фаврӣ- ҷустуҷӯӣ идома доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ






