ҚАЛОБЗАН БО РОҲИ ФИРЕБ ПУЛРО ГИРИФТУ ҒАЙБ ЗАД, АММО ДАСТГИР ШУД
Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Кормандони шӯъбаи корҳои дохилии Сино 1 шаҳрванд Озода Раззоқоваро (соли таваллудаш 1975) дастгир намуданд. Тавре аз маркази матбуоти ВКД-и ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, номбурда моҳи апрели соли ҷорӣ ба боварии шаҳрванд Пахтагул Қурбонова даромада, бо роҳи қаллобӣ аз ӯ ба маблағи 21 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда кардааст, ки дар кӯчаи Раҳмон Набиеви пойтахт як хонаи сеҳуҷрагӣ харида медиҳад. Ӯ баъди гирифтани ин маблағ аз Озода Раззоқова, ғайб мезанад. Оид ба ин амал парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳама намуди андозу даромадҳо дар шаҳри Роғун 125,7 фоиз иҷро шуд
Соли 2025 ба беш аз 77 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ раводид дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ






